Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Рашидзода М., бо иштироки мудирони бахши Хадамоти муҳоҷират, бахши занон ва оила, шуъбаи маориф, директори “Маркази тарзи ҳаёти солим” ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди мақомот бо муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” вохӯрии судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ оид ба таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар андешаҳо баён карда шуда, зикр гардид, ки маҳз тавассути ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат ҳадафгузории мушаххас ҷиҳати таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ба роҳ монда шуда, механизмҳои муассири татбиқи амалии ҳадафҳои мазкур пешниҳод карда мешаванд ва баҳри ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар самти ҳифзи манофеи миллию татбиқи ҳадафҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Дар идома оид ба аҳамияти Паёми Президенти кишвар ҳамчун дастури муҳими роҳнамо суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки Паём ҳамчун санади муҳими консептуалӣ бо дарназардошти таҳлилҳои амиқу гуногунҷанбаи вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳони муосир самтҳои авзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муайян намуда, тамоми сохторҳои давлатиро ба таври мушаххас масъул ва вазифадор месозад.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод Басонат Азизова ба ҳозирин оид ба қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, муҳоҷирати бехатар, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират суханронӣ намуд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини раиси ноҳия аз филиали муассисаи таълимии №43 ҳамин деҳа дидан намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

