Санаи 24 январи соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаю озода намудани гирду атрофи корхона бо иштироки кормандон шанбегии дастҷамъона гузаронида шуд.
Бо саҳмгузории кормандон корҳои тозакунии барф дар ҳавлӣ ва инчунин роҳҳои пиёдагарди дохилӣ ва берунии корхона қумпош карда шуданд. Дарахтони ҳудуди корхона низ аз барф тоза карда шуданд, то аз шикастан ва зарар пешгирӣ карда шаванд.
Дар Хадамоти муҳоҷират бо ҳадафи тозаву озода намудани гирду атрофи бинои корхона, инчунин, бадин васила барои боз ҳам зеботар гардонидани пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе корҳои ободониву шукуфоӣ тавассути ташкилу гузарондани шанбегию ҳашарҳои дастаҷамъона ва корҳои гулпӯшнамоиву сабзухуррамгардонӣ бо ҷалби роҳбарияту кормандон пайваста идома дода мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
