“Шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм, терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз ҳисоби кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба самти Федератсияи Россия сафар менамуданд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуданд.

