• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Migration Service by Migration Service
26.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки  бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон нерӯву тавоноӣ ва умед мебахшад.

Ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишваромон бо хотираҳои ибратомӯзу таърихӣ пушти сар шуданд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо – ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои Давлату миллат аҳмияти бузург доранд. Бо ибораи Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани  низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлоли миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем”.

Мо ҷавонон бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мо вогузор менамоянд. Дар хотир дошта бошем, ки барои мо муҳимтар арзишҳое ҳастанд, ки дар худ холисона манфиатҳои миллӣ ва давлатиамонро инъикос намоянд. Имрӯз шоҳид мешавем, ки бо ҷурми демократия, озодии сухан, матбуот, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии башардӯстона ва ғайраҳо бисёре аз давлатҳои соҳибиқтидор ва созмону ташкилотҳои гуногун манфиатҳои миллии халқу миллатҳо ва давлатҳоро зери по карда, мақсаду ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро дар дохили онҳо амалӣ менамоянд. Дар ин ҷода мо ҷавонон бояд ҳушёр ва зирак бошем. Манфиат ва зарари худро зуд дарк кунем, фирефта нашавем. Мо ба демократияе ниёз дорем, ки манфиатҳои миллии моро дар худ пурра инъикос намояд. Мо ба озодии сухан ва матбуоте арҷ мегузорем, ки бар зидди манфиатҳои миллии мо тарғибот набарад ва баръакс онҳоро дар худ инъикос намояд. Мо бояд ба васоити ахборе такя кунем, ки бо мақсадҳои ғаразнок ва иғвогарию ҷудоиандозӣ таъсис наёфта бошанд ва аз ҷониби гурӯҳҳо ва давлатҳои махсус маблағгузорию пуштибонӣ наёбанд. Мо ба ҳамкорон ва шарикони стратегие эҳтиром мегузорем, ки манфиатҳои миллии худро бо манфиатҳои миллии мо дар як сатҳ гузоранд ва якхӯраву якрӯя бошанд. Чунки мо низ баробари тамоми давлатҳои дигар ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва субъекти комилҳуқуқу мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мебошем ва шарикони давлати мо бояд ҳамаҷониба ба ин арҷгузорӣ намоянд, чунки паси ин манфиатҳои миллии мо меистанд. Инро мо ҷавонон бояд хуб дарк кунем.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо як маротиба ба майдони бархурди манфиатҳои давлатҳои алоҳида ва гурӯҳҳои махсуси сиёсӣ табдил ёфт. Онҳо манфиатҳои худро боло гузошта, манфиатҳои миллии моро зери по карданд. Нангинтар он аст, ки онҳо ин корро бо дасти худи фарзандони миллатамон анҷом доданд. Вале оқибат ки зарар дид?. Хонаи мо сухт. Фарзандони миллати мо сарсону саргардон ва гуреза шуданд. Ватани мо валангор шуд. Ҷавонписарони модари мо ба ҳалокат расиданд. Азоби ин ҳамаро ки кашид? Танҳо худи мо. Ки Ватани моро обод кард? Танҳо худи мо. Фарзандони модари моро бо ҳам ҷанг андохтанд ва худ тамошобин шуданд. Ба ҳоли мо механдиданд. Интизори он буданд, ки мо дигар ба мувофиқа ва сулҳу ваҳдат намерасем ва онҳо кишвари моро пора сохта, байни худ тақсим менамоянд ва ё ба таври мехостаи худ давлат бунёд месозанд. Ин сабақи ҳаётӣ аст барои мо ҷавонон. Мо ҷавонон бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки Ватани моро ба ғайр аз худамон дигар ҳеҷ кас обод намекунад. Аз ҷониби дигар мо бояд шукргузор бошем, ки пурифтихортарин ва пуршарафтарин рисолат – обод кардани Ватан бар дӯши мо аст. Ватани мо танҳо барои мо Ватан аст, азизу муқаддас аст. Барои дигарон ҷои ба даст овардани манфиат.

Имрӯз тибқи низоми давлатдорӣ кишвари мо сиёсати “Дарҳои кушода”- ро роҳандозӣ намудааст ва бо тамоми давлатҳо, ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст. Дар ин замина фаъолияти озоди иқтисодӣ ба роҳ монда шуда, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар мегардад. Бо дарназардошти ин масъала мо ҷавононро зарур аст, ки манфиатҳои миллӣ – иқтисодии худро хуб донем, иқтисоди миллиро рушд диҳем, ҳамзамон дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт рақобатпазирии истеҳсолоти миллиро таъмин намуда, манфиатҳои умумимилиамонро ҳифз намоем.

Беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки ватандӯстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз ҷумла доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман, амале, ки манфиатовар бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатбахш набудан басанда аст, ки зараррасон набошад. Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки бо Ватани худ ифтихор дорем. Албатта, бо Ватан ифтихор кардан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки Ватан аз мо, аз рафтору кирдор, дастоварду ташаббусҳо, созандагиву бунёдкориҳои мо ҳам ифтихор кунад.

Хушдилзода Ифтихор,

Сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.