КОРФАРМОЁНИ ДАВЛАТИ ҚАТАР
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки мусоҳиба бо намояндагони 6 ширкати Давлати Қатар идома дорад, аз ҷумла:
Ali Bin Ali — Пешво дар бахши логистика ва савдо.
UDC (United Development Company) — Таҳиякунандаи лоиҳаи “The Pearl-Qatar”.
Rosewood Hotels — Шабакаи меҳмонхонаҳои боҳашамат.
Accor Hotels (Fairmont ва Raffles) — Гурӯҳи бузурги меҳмонхонадории ҷаҳон.
Marriott Group — Шабакаи байналмилалӣ (Ritz Carlton ва Sheraton).
Qatar Airways — Ширкати миллии ҳавопаймоии Қатар.
ВАКАНСИЯҲО: Илова ба бахшҳои меҳмондорӣ, логистика ва ҳавопаймоӣ, МИҚДОРИ ХЕЛЕ ЗИЁДИ вазифаҳои дигар (техникӣ, ронандагӣ, хизматрасонӣ ва ғайра) мавҷуданд.
ҶАДВАЛИ БАРГУЗОРИИ МУСОҲИБА ВА МАКОН: Шаҳри Душанбе, бинои меҳмонхона Crowne Plaza кӯчаи Низомии Ганҷавӣ 1 дар рӯбаруӣ тарабхонаи Чаманоро (ВДНХ) дар шаҳраки донишҷӯён (Ҷазира)
Рӯзи якум: 25 январ (ЯКШАНБЕ) — Оғоз: Соати 10:00.
Рӯзи дуюм: 26 январ (ДУШАНБЕ) — Оғоз: Соати 09:00.
Рӯзи сеюм: 27 январ (СЕШАНБЕ) — Оғоз: Соати 09:00.
ТАЛАБОТ: ЛИБОСИ РАСМӢ (ДРЕСС-КОД) ва Маълумотномаи шахсӣ (CV)-и чопӣ
МАЪЛУМОТИ БЕШТАР БО РАҚАМИ: 225-05-75, 225-02-21, +992974363838 (WhatsApp)
