Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Рогифи Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик бо аҳолӣ вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин фаҳмонида додани қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Аз ҷумла, оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош ва фаъолияти корӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва қонунҳои амалкунандаи он.
Дар ҷараёни вохӯрӣ корманди бахши Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрвандоне, ки хешу ақрабоашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд хоҳиш намуд, ки тариқи телефонӣ ҳам бошад зуд-зуд бо фарзандонашон дар алоқа бошанд ва ба чи кору фаъолият машғул будани онҳо огоҳ бошанд.
Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон”, пешгирӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ки, санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид ба иштирокдорон расонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ- маърифатӣ доир ба мавзуъ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

