Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои супоридани имтиҳонҳо ва гирифтани шаҳодатномаҳо аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия ба Маркази сершуғл омадаанд, корҳои фаҳмондадиҳиро идома медиҳанд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи стандартҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон махсусан муҳим аст.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои тундрав, террористӣ ва ҷинояткорӣ маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷалби ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо муҳим аст. Ғайр аз ин, таваҷҷӯҳи шунавандагон ба масъалаҳои саломатӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, бахусус ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки риояи меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳои саломатӣ омили муҳим дар пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки аз интиқоли маблағ аз кортҳои бонкии худ бо дархости шахсони бегона худдорӣ кунанд, зеро чунин амалҳо метавонанд ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунанд ва онҳоро ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидан мумкин аст.
Дар охир, ҳамаи иштирокчиён имкон доштанд, ки саволҳо диҳанд ва ҷавобҳои заруриро гиранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
