Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ вохӯрии саривақтӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраку деҳот дар толори маҷлисгоҳи МТМУ№2 –и ноҳия баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират баромад намуда, ба таври саҳеҳ вобаста ба рафти корҳои мавсимӣ дар Федератсияи Россия, давлатҳои хориҷа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар маълумот доданд.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ бо сокинон дар бораи муҳоҷирати бехатар, ҳангоми муҳоҷират вохӯрдан бо шахсони фиребгар, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирон, ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз муҳоҷират ва ташаккули малакаҳои касбӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти суҳбат бо сокинон доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар хатми вохӯрӣ ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

