Дар раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш директори МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии низоми меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доктори илмҳои иқтисодӣ Қаюмӣ Шаҳзода доир ба шарҳу эзоҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки ин санади муҳими сиёсӣ ва роҳнамо самтҳои афзалиятноки рушди мамлакатро дар марҳилаи нави пешрафт муайян менамояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, такмили соҳаи маориф, густариши иқтисоди “сабз”, таҳкими истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
“Рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи замон нақши калидӣ дорад. Соҳаи маориф ҳамчун заминаи асосии рушди устувор бояд ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва дорои тафаккури инноватсионӣ равона карда шавад”,-гуфт Қаюмӣ Шаҳзода.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки иқтисоди “сабз” ва рушди соҳаи энергетика аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб шуда, татбиқи онҳо на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастури роҳнамо барои кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират хизмат намуда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди соҳаи маориф ва пешрафти устувори ҷумҳурӣ боз ҳам бештар мегардонад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
