Ба ҳамагон маълум аст, ки таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Тоҷикон, ки мардуми бофарҳангу ватандӯстанд ва дар маконе, ки сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмиро, ки на ҳар мардуми кишвари ҷаҳон аз он бархурдоранд, кору фаъолият доранд. Мо насли имрӯз бояд худро хушбахту сарфароз ҳисобем, зеро дар зери парчами ваҳдат зиндагӣ ба сар мебарем ва бояд беш аз ҳарвақта арзиши амният ва суботро дарк намоем. Шомили хатарноктарин падидаҳо – терроризму экстремизм нагардем, зеро хуб медонем, ки ин падидаҳо на танҳо ба ҷони инсонҳо таҳдид мекунад, балки пояҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии давлатҳоро хароб месозад.
Мутаассифона, ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз “дард”-е азият медиҳад, ки номаш гирифторшавӣ ва экстремизму терроризм аст. Ҳарчанд ҷомеаи имрӯза аз тамоми имкониятҳои асри технологияҳои компютерӣ бархурдоранд, аммо мутаассифона, баробари бартариҳо он пайомадҳои нохушу ногувор ҳам дорад, ки насли ҷавону навраси моро ба сӯи ҷиҳатҳои манфӣ мекашад. Қисми зиёди истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ зери таъсири паёмадҳои манфӣ мемонанд, ки сабабгори ҷудошавии оилаҳо, ноустувории онҳо, марги наздикону пайвандон гашта, ҷомеаро доғдор менамояд.
Дар Паёми навбатие, ки ироа шуд, ин мавзуъ низ дар мадди назар гирифта шуда, Сарвари давлат мубориза бо терроризму экстремизмро самти афзалиятнок унвон карданд, зеро ин зуҳурот алҳол ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.
– …моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм” ва ифротгароии хушунатомез, ки номи “Раванди Душанбе” – ро гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд. Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд, – иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо назардошти ин гуфтаҳо мо бояд тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри ободии ватан ва дар ин замина, баҳри тарбияи ҷавонони маърифатноку собитқадам равона созем, то ояндаи Тоқикистони азизро шукуфо бинем.
Давлатов Саидмурод,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

