• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия ва таъсири он ба рушди иҷтимоии кишвар

Migration Service by Migration Service
02.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия ва таъсири он ба рушди иҷтимоии кишвар
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия яке аз мушкилоти мураккаб ва фарогири ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад. Ин кирдор, ки бештар дар шакли сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ зуҳур менамояд, на танҳо самаранокии идоракунии давлатӣ ва волоияти қонунро заиф месозад, балки ба паст шудани сатҳи адолати иҷтимоӣ ва коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои иҷтимоӣ низ мусоидат менамояд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сатҳи баланди коррупсия ҳамчун омили маҳдудкунандаи рушди устувор баромад намуда, ба ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Илова бар ин, коррупсия нобаробарии иҷтимоиро амиқтар гардонида, дастрасии баробар ба хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва адолати судиро маҳдуд месозад. Вақте шаҳрвандон маҷбур мешаванд барои гирифтани ҳуқуқи қонунии худ ба ришва ё роҳҳои ғайрирасмӣ муроҷиат кунанд, ҳисси беадолатӣ ва норозигӣ дар ҷомеа қавитар мегардад. Дар чунин шароит, табақаҳои осебпазир бештар зарар мебинанд, эътимод ба сохторҳои иҷтимоӣ заиф гардида, ҳамбастагии иҷтимоӣ коҳиш меёбад.

Аз нигоҳи илми муосир, коррупсия амали мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ буда, дар натиҷаи ҳамгироии омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меояд. Пеш аз ҳама, коррупсия ба рушди иқтисод зарбаи ҷиддӣ мерасонад: механизмҳои бозориро таҳриф намуда, рақобати солимро маҳдуд ва самаранокии идоракунии иқтисодиро коҳиш медиҳад. Дар шароите, ки қарорҳои иқтисодӣ на бар асоси манфиати умумӣ ва қонун, балки бо роҳи ришва ва робитаҳои шахсӣ қабул мешаванд, рушди устувор ғайриимкон мегардад. Сатҳи баланди коррупсия, ҳамзамон, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷиро маҳдуд намуда, истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои давлатӣ ва афзоиши хароҷоти бесамарро ба бор меорад. Ин раванд рушди соҳаҳои муҳими иқтисодиро заиф карда, сатҳи зиндагии аҳолиро паст месозад.

Дар заминаи таъсири манфии коррупсия ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, дар илми муосир таъкид мегардад, ки мубориза бо он бояд маҷмуӣ ва системавӣ бошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба рушди устувори кишвар ва эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Ба андешаи Сарвари давлат, танҳо чораҳои ҷазодиҳанда наметавонанд ин амали номатлубро пурра аз байн баранд. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии аҳолӣ яке аз омилҳои асосии пешгирии коррупсия ба шумор меравад.

Дар натиҷа, коррупсия ҳамчун кирдори хатарнок ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Мубориза бо он танҳо дар сурати мавҷуд будани иродаи устувори сиёсӣ, қонунгузории мукаммал, фаъолияти ҳамоҳанг ва самараноки сохторҳои иҷтимоӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад натиҷаҳои дилхоҳ диҳад. Танҳо тавассути ташаккули низоми идоракунии шаффоф, таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имкон фароҳам меояд, ки заминаи рушди устувор ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа таъмин гардад

Ф.Алишоев,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор                 

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Next Post

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм амали дастаҷамъист

Next Post
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм амали дастаҷамъист

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм амали дастаҷамъист

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.