Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори театри мусиқӣ драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар мавзӯъҳои “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” ва “Муҳоҷирати бехатар” мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар мизи мудаввар оид ба шукргузорӣ аз фазои оромии ватан дар доираи мавзӯъҳои асосии рӯз ба монанди тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, хизмати Модар-Ватан, нагаравидани насли ҷавони кишвар ба гурӯҳи ифротиву тундрав, дурӣ аз падидаҳои хатарзои аср ба монанди терористиву экстремистӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ аз исрофкорӣ дар соҳаҳои гуногуни рӯзмарра, тарбияи дурусти насли наврас, сулҳу суботи миллӣ, пешгирии корупсия, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, пойдориву солимии оила, густариши фарҳанги оиладорӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ғайра мавзӯъҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мутамаддин баёни андеша намуданд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Сипас, иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба сиёсати ҷавонон, сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав суханронӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

