Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинони деҳаҳои Файзбор ва Бекободи Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев, ки қисми онҳо муҳоҷирони бозгаштаро ташкил медиҳад, баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират ба иштирокдорон доир ба навовариҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми сафар ба ин кишвар, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсия Россия дар самти муҳоҷирати меҳнати огоҳ бошанд. Тартиб ва мақсади воридшави дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати минтақавии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, шинос намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонида дода, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.
Инчунин, ба иттилои ҳозирон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилотҳо метавонанд ба масъулини намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои ҳозирон ҷавобҳои қаноатбахш дода, маводҳои таблиғотӣ ва брошюраҳо тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

