• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нашъамандӣ вабои аср ва падидаи он   

Migration Service by Migration Service
04.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нашъамандӣ вабои аср ва падидаи он   
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Нашъамандӣ яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва хавфноки ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Ин падида на танҳо саломатии як шахсро вайрон мекунад, балки ба оила, ҷомеа ва ояндаи давлат низ таъсири манфии калон мерасонад.

Нашъамандӣ ҳолатест, ки инсон ба истифодаи маводи мухаддир одат мекунад ва бе он зиндагӣ карда наметавонад. Сабабҳои нашъамандӣ гуногунанд: надонистани оқибатҳои хатарнок, таъсири дӯстони бад, мушкилоти оилавӣ, бекорӣ ва фишори равонӣ. Оқибатҳои нашъамандӣ хеле вазнинанд. Саломатӣ хароб мешавад, бемориҳои хатарнок пайдо мегарданд, оила вайрон мешавад ва шахс метавонад ба ҷиноят даст занад. Барои пешгирии нашъамандӣ тарбияи дуруст, маърифат, варзиш ва машғулиятҳои фоиданок заруранд.

Нашъамандӣ дар замони муосир ба яке аз мушкилоти азимтарини ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтааст ва онро бе ягон муболиға «вабои аср» номидан мумкин аст. Ин офати иҷтимоӣ мисли бемории сироятӣ на танҳо як шахс, балки тамоми ҷомеаро фаро мегирад ва оҳиста‑оҳиста решаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатҳоро заиф мегардонад. Нашъамандӣ ҳолатест, ки инсон ба истифодаи маводи мухаддир вобастагии ҷисмонӣ ва равонӣ пайдо мекунад. Маводи мухаддир ба фаъолияти майна таъсир расонида, фикр, ирода ва рафтори инсонро тағйир медиҳад. Шахс тадриҷан қобилияти идора кардани худ ва масъулиятро аз даст медиҳад ва зиндагии ӯ танҳо ба дарёфти маводи мухаддир вобаста мешавад.

Сабабҳои ба нашъамандӣ гирифтор шудани инсон бисёранд. Яке аз сабабҳои асосӣ — паст будани сатҳи маърифат ва надонистани оқибатҳои фоҷиабори он мебошад. Бисёр ҷавонон аз рӯи кунҷковӣ, таъсири дӯстони нодуруст ё тақлид ба дигарон ба ин роҳ қадам мегузоранд. Муҳити носолим, муноқишаҳои оилавӣ, бекорӣ, фишори равонӣ ва ноумедӣ аз зиндагӣ низ метавонанд инсонро ба доми нашъамандӣ бикашанд. Ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар синни ҷавонӣ инсон бештар таҳти таъсири атрофиён қарор мегирад ва ҳанӯз ҷаҳонбинии устувор надорад. Нашъаманди чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил, ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷруҳ мегардонад.

Имрузҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд ниҳоят зиёданд. Барои ингуна шахсоне, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ онҳо тамоми дороии хонаашонро фурухта онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардуш мегардонанд. Дар натиҷа ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кӯчаву хиёбонҳо ба ҳайси нокасу беобруй ва хастадилу афгор то ба рузи марг оварда мерасонад. Ба хору хаси замин баробар поймол мегарданду наздикон аз ҳастиашон шармсору безор. Бадбахтона заноне  низ ёфт мешванд, ки ба амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол парвариш ва фуруши ин маводи зиёновар даст мезананд.Қадру манзалати бузурги зан, модарро, ки олиҳаи ҳусну зебоӣ ва асоси ҳастии зиндагист, бештар паст мезананд.Аксарияти ҷавонони суст иродаи мо бо як санҷиши таъсири маводи мухадир  ба зулмоти ин амал меафтанду одат мекунанд.Мубориза бар зидди нашъамандӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Хулоса, дар натиҷа метавон гуфт, ки нашъамандӣ на танҳо мушкили як шахс, балки фоҷеаи тамоми ҷомеа мебошад. Пешгирии ин падида танҳо бо қонун ё ҷазо маҳдуд намешавад, балки ба маърифати баланд, тарбияи солим ва масъулияти шахсии ҳар як инсон вобаста аст. Агар ҳар як узви ҷомеа бетараф набошад ва саҳми худро  дар тағриби ҳаёти солим гузорад, метавон сатҳи нашъамандиро коҳиш дод ва насли солиму боиродаро тарбия намуд. Танҳо ба ҳамдигарфаҳмӣ, тарбияи дуруст ва масъулияти иҷтимоӣ мо метавонем ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшонро таъмин намоем. Ояндаи ҷомеа аз интихоби дурусти имрӯзаи мо вобаста аст.

Муқумов А,

Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Конибодом

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мегардад

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мегардад

Корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мегардад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.