Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Лахш суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст.
Ин навбат вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони касбу кори гуногуни деҳаи Чорсу Ҷамоатҳои деҳоти Сайлиобод ва Лахши ноҳияи Лахш баргузор гардид.
Дар мулоқот сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Нозимҷон Икромов иброз намуд, ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 икдомоти муҳимми иктисодию ичтимоӣ барои Точикистон ба шумор рафта, барои иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти муҳоҷират, бо ба инобат гирифтани шароити имрӯзаи муҳоҷират, тамоюлҳои мусбии устувор, рушди алтернативӣ, дурнамо ва сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, таҳия гардидааст.
Страгеияи мазкур дар шаш марҳила ва бори аввал дар доираи як Стратегия танзими раванди тамоми намудаҳои муҳоҷирати аҳолӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати эгологӣ, гуразегон ва паноҳандагон) амалӣ карда мешавад.
Бояд қайд кард, Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 максад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

