Тибқи нақша чорабиниҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бо сокинони ноҳияи Зафаробод вохӯрии судманд баргузор карда шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Солиев М., бо сокинон доир ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки дар талаботи қонунгузории кишвари иқомат тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намоянд.
Дар ин замина аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

