Баъд аз таҳлилу хулосанамоии ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ метавон бо сарбаландӣ иброз намуд, ки Пешвои миллат ба неруи созандаю бунёдкор, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода, пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои муассир меандешанд.
Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқот, суҳбату суханрониҳо, алалхусус зимни пешниҳоди паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд.
Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз Ватан – Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз хислатҳои наҷиб ва писандидаи ҷавонони кишвар ба шумор рафта, онҳо саҳми арзандаи худро дар пешрафту тараққиёт ва рушду инкишофи Тоҷикистон мегузоранд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.
Тавсифи Сарвари давлат ба ҷавонони давраи соҳибистиқлолии кишварамон ҳамчун нерӯи созанда мазмун ва мантиқи амиқи воқеӣ дорад. Зеро аз як нигоҳ фақат насле, ки дар давраи соҳибихтиёрии давлат тавлид ёфтаанд воқеан фарогирандаи қишри ҷавони аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз нигоҳи дигар фаҳмишу дарки илм ва технологияи замони муосир ба давраи инкишоф ва бакамолрасии чунин қишри ҷомеа рост меояд. Яъне, дар замони мазкур (солҳои соҳибихтиёрии давлат) дар муқоиса ба тамоми давраи давлатдории тоҷикон имкониятҳои омӯзишию таҳсилӣ бо дастгириҳою сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат дар сатҳи хеле баланд, таъмин карда шуд.
Дар ҳақиқат мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳимми раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳои ҷумҳурӣ, ҳимояти марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Ҳамин тариқ, принсипҳои асосии сиёсати давлатии миллӣ, ки мавҷудияти ғояҳои ватандӯстиро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд, на танҳо дар Кодекси намунавӣ ва қонуни намунавии аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ қабулшуда таҳия шудаанд, балки аз ҷониби мақомоти давлатӣ фаъолона дастгирӣ карда мешаванд ва дар сиёсати дохилӣ татбиқ карда мешаванд.
Дар маҷмуъ аз таҳлилҳо бармеояд, ки нақши Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва умуман аҳолӣ беназир арзёбӣ мегардад.
Камолзода Саид,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

