Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом якҷо бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Р. Ҳамробоев вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Масъулин чунин ибрози ақида намуданд, ки дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд. Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд.
Наврасону ҷавонон бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошанд, то ба иғвои хоинон дода нашаванд, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ доранд. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Толибова Фарзона оид ба тағйироту илова ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, муҳоҷирати бехатар суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки дар Федератсияи Россия истифода ва интиқоли растании гармала (исирик, ҳазориспанд) қатъиян манъ мебошад. Гармала (ҳазориспанд) ва моддаи фаъоли он — гармин — мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба моддаҳои нашъадор мансуб дониста мешаванд. Ворид кардан, харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фурӯхтан, истифода бурдан ва тарғиб намудани гармала манъ аст.
Барои гардиш ва истифодаи ғайриқонунии гармала тибқи моддаҳои 6.8 ва 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР, инчунин моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии ФР, ҷарима, ҳабси маъмурӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ — ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россия ва дар ҳолатҳои вазнин — маҳрумият аз озодӣ то ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст. Аз сокинони шаҳри Конибодом эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонунҳои Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

