Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб бо касбомӯзони Литсейи касби техникӣ сохтмонии шаҳри Кӯлоб мулоқоти судманд доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот мутахассисони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ҳасанов Фирдавс ва Тағоев Бурихон вобаста ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Инчунин, ба маълумоти касбомӯзони Литсей расонида шуд, ки тибқи фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия аз 4 феврали соли 2026 таҳти №34 дар Метрополитени шаҳри Москва ҳангоми зарурат, иловатан ба чораҳои амалкунандаи амнияти нақлиётӣ, санҷиши телефонҳои мобилии мусофирон метавонад татбиқ карда шавад.
Бо назардошти ҳолати мазкур, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя намуда, дар сурати гузаронидани санҷиш аз ҷониби хадамоти амнияти метрополитен, ба кормандони масъул дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо монеа эҷод накунанд.
Тибқи фармони зикршудаи Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия, санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар анҷоми мулоқот ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

