Дар замони шиддатёбии бархурди манфиатҳои ҷаҳонӣ дар гӯшаи гуногуни ҷаҳон барои ба даст овардани мавқеи сиёсӣ, имрӯзҳо мо мушоҳида карда истодаем. Аҳолии сайёра бо якчанд муаммоҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки яке аз онҳо амалҳои террористӣ ба ҳисоб рафта, тамоми аҳолии сайёраро ба ташвиш овардааст. Мафҳуми терроризм ин худ маънои тарс ва ваҳмро доро буда, террорист он шахсе мебошад, ки ин амали номатлубро амалӣ мегардонад. Имрӯзҳо мо амалҳои террористиро дар ҳар гӯшаи канори дунё тавассути ин ё он манбаҳо мешунавем. Гурӯҳҳои террористӣ имрӯзҳо фаъолияти худро нишон дода аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, мақсадҳои нопоки худро роҳандозӣ намуда истодаанд. Гурӯҳҳои террористӣ дар ҳамаи гӯшаи дунё фаъол буда, кӯшиш доранд аҳолии сайёраро бо гумроҳӣ ба тарсу ваҳм андозанд ва ин амалҳои онҳо ба ҳар гуна воситаҳо ва шахсони алоҳида ба амал бароварда мешавад.
Террорист намехоҳад дар кишварҳои дунё сулҳу субот ҳукмрон бошад ва бо ин мақсад тамоми кӯшиши талоши хешро истифода карда, дар замони технологияҳои иттилоотӣ роҳҳои муосири фирифта намудани ҷавононро дарёфт намуда истодааст. Амалҳои онҳо метавонад чунин бошад: тарконидан, гарвагон гирифтани аҳолии осишта, ғасби биноҳои таъиноташон гуногун ва ғайраҳо. Шабакаҳои интернет, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо аҳаммияти бисёр муҳим дорад ва мо имрӯз тавассути шабакаҳои интернет фаъолияти худро ба роҳ монда истодаем ва ин албатта, талаби замон ба ҳисоб меравад. Дар раванди истифодабарии интернет мо бояд маърифати истифодабарии онро дониста, интернетро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барои дарёфти маълумоти дарсӣ ва анҷоми корҳои илмӣ самаранок истифода намоем.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористӣ тавассути шабакаҳои интернет бисёр фаъол мебошанд ва бо номҳои гуногун қайди ном шудаанд. Гурӯҳҳои террористӣ дар марҳилаи аввал кӯшиш менамоянд то шахсро бо ҳар роҳу усул фиреб намуда, бар доми худ гирифтор кунанд ва минбаъд амалу фаъолияти нопоки хешро зина ба зина маълум месозанд. Онҳо дар бораи ин ё он ҳодисаҳои даҳшатбор тавассути шабакаҳои интернет видиороликҳо сохта ва пахш менамоянд ва тавассути он шахсони гумроҳшударо ба ҷонибдорӣ ва дастгирӣ даъват месозанд.
Кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол аз масъалаҳои глобалӣ аз ҷумла терроризм дар канор нест ва ҳамарӯза дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расонида мешавад. Тоҷикистон тамоми фаъолияти гурӯҳҳои террористиро қотеъона маҳкум намуда, фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар манъ кардааст. Чи тавре ки таърих гувоҳ аст, ҳодисаҳои аввали солҳои 1991 барои мардуми тоҷик бисёр лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ба шумор мерафт, зеро ки гурӯҳҳои алоҳида амалҳои нопоки худро бо роҳу усул амалӣ менамуданд. Хиради азалии Тоҷикон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз яқбори дигар исбот намуд, ки тоҷикон миллати сулҳофар ва сулҳҷӯву тамаддуновар мебошанд.
Имрӯз дар самти мубориза ба терроризм чораҳои қатъии дахлнопазир роҳандозӣ шуда, корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Аз ҳамин нуктаи назар мо ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем ва дар ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Сафарзода Баҳодур,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик

