• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муҳофизони содиқи ватан!

Migration Service by Migration Service
09.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муҳофизони содиқи ватан!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони пуртаззоди муосир ҳифзи ҳимояи соҳибистиқлолии кишвар вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини давлатдорӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хиради азалӣ, суботи доимӣ ва дурбиниву дурандешӣ пайваста ва муваффақона таҳкиму таъмин гашта истодааст. Вазъи ноороми давлатҳои ҳаммарзи Тоҷикистон, ҷиддиятҳои байнифирқавӣ дар роҳбарияти Афғонистон, ҷамъ омадани гурӯҳҳои ифротгаро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо маблағгузории хоҷагони аҷнабӣ ва даҳҳо омилҳои дигар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар як фарди соҳибдилу ватандӯстро водор менамояд, ки ҳушёру зиракии сиёсиро пешаи ҳамешагии худ қарор диҳад.

Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ нуфузи Артиши миллӣ дар миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон афзун гашта, мардуми кишвар хизматҳои шабонарӯзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи меҳанро қадр мекунанд ва аз муҳофизони ватани хеш ифтихор менамоянд, ки ин албатта амали воқеист. Чунки низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбии Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳама дастоварду музаффариятҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд. Ин аст, ки ҳамасола ба муносибати таҷлил аз рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва бо мақсади арҷгузорӣ нисбат ба хизматҳои шоёни таҳсини афсарону сарбозон, хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ва дар маҷмӯъ муҳофизони ин марзу бум, дар қаламрави мамлакат, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шуда, он дар сатҳи баланд баргузор карда мешаванд.

Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Пойдории Қувваҳои мусаллаҳро бе мутахассисони баландпоя тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Тӯли мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни ҳарбиро омода намуда, таҷрибаю малакаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсояро омӯзад ва ба яке аз пояҳои боэътимоди ҳимояи кишвар табдил ёбад. Дар ин ҷабҳа саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон мебошад.

Боиси қайд аст, ки ҷавҳари мавҷудияти давлату давлатдорӣ, артишу артишсолорӣ дар мағзи миллати мо нуҳуфтааст. Гузаштагони барӯманди тоҷик бо артишҳои бонизому маҳорати ҳарбӣ баҳри ҳифзи Ватани хеш ҷоннисориҳо кардаву сарзамини худро аз дасти аҷнабиён наҷот додаанд. Халқи баруманди тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати хеш давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёри тоҷиконро барпо намуд, ки хонаи уммеди тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст. Бо фараҳмандӣ метавон гуфт, ки ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳуриамон барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишвар ҳамеша омодааст. Мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дар масири бунёдкориву созандагӣ гомҳои устувор мегузоранд. Муҳофизони шуҷои Ватан, нерӯи техникию ҳарбии кишвар ва малакаи ҷангии ҳарбиёни мо имрӯз тавони ҳифзи Модар – Ватани азизи худро доранд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, зеро қувваҳои мусаллаҳ – артиш дар ҳар давру замон кафили рӯзгори осоишта ва зиндагии бофароғати халқ мебошад. Ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболост ва доимо сулҳу амониро тараннум хоҳад кард.

Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Шарҳу тавзеҳи Паём ба сокинони ноҳияи Фархор аз ҷониби намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.