• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимоди давлат

Migration Service by Migration Service
10.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимоди давлат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар таърихи ҳар як миллат ва давлат ҳастии Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ҳамчун кафили амният ва ҳифзи сарҳад, балки ҳамчун пояи устувори Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ҷомеа мавқеи хоса дорад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нақши Артиши миллии кишвар дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдорӣ басо назаррас ва сарнавиштсоз мебошад. Артиши миллӣ на танҳо муҳофизи марзу буми кишвар аст, балки ҳамчун мактаби ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҷасорату мардонагӣ ва таҳкимбахши якпорчагии ҷомеа ба шумор меравад. Пас аз нооромиҳои солҳои 90 — уми асри гузашта, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашид, эҳёи Ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти кишвар гардид.

Дар ин раванд, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз иқдомҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ Артиши миллӣ ба ҳайси сутуни боэътимоди давлатдорӣ дар таҳкими суботу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу созиш саҳми бевосита гузошт.

Бояд тазаккур дод, ки 23 феврали соли равон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 32 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар назди он вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2024 таъкид намуда буданд, ки “беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми мамлакатро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя менамоянд.

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодию соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии мамлакат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд. Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаю таърихӣ намуданд”.

Дар заминаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд иброз намуд, ки аввалин санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 “Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки дар асоси он ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 моддаи 14 дорои мазмуни зайл илова карда шуд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкили хизмати алтернативӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳро ҳал намуда, дар кори ташкили амнияти коллективӣ ва нигаҳдории қӯшунҳои стратегии Итиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамояд”.

Баъдан фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 1991 “Дар бораи таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 29 январи соли 1992 “Дар бораи таъсиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 2 апрели соли 1992 “Дар бораи аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ, ҳарбии бинокорӣ ва роҳи оҳан ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраршудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Муттаҳидаи ИДМ, қисмҳои ҳарбӣ, қӯшунҳои сарҳади дохилӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 17 сентябри соли 1992 “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 17 октябри соли 1992 “Дар бораи таъсиси Шурои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуданд.

Пас аз таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далел баён менамоем, ки халқи тоҷик давоми таҳаввулоти таърихии худ, баъди ҳазор сол соҳиби Қувваҳои Мусаллаҳ гардид, ки асосгузори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба хотири сулҳу суботи мамлакат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои бо қонунгузорӣ ба зиммаашон вогузоршударо пурра ва ҳаматарафа иҷро менамоянд.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурӯдгоҳи байналмилалии  Кӯлоб”

Next Post

Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Next Post
Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.