Риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии мувақатӣ дар Федератсияи Россия, омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, аз байн бурдани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ин буд он саволҳое, ки кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, вохӯриву суҳбатҳо доир намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯриҳо ба шаҳрвандон оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот доданд.
Ба саҳми муҳоҷирон расонида шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия, дар маҳзанаи манъшудагон шиносномаи худро санҷида баъдан азми сафар намоянд, ҳангоми сафар пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақсаднок амалӣ намуда, барои фаолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия бояд касби муайяне дошта бошад, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад ва аз таъриху тамаддун ва қонунҳои амалкунандаи он бохабар бошад, ки ҳангоми будубош ба мушкилотҳо дучор нагардад.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эктремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрами рӯз фикру андешаҳои худро ба ҳозирин иброз намуда қайд карданд, ки экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин мегардад.
Ҳар нафари берун аз кишвар бояд худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирад, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи давъатҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоию интернетии шабакаҳои однокласник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Бо назардошти гуфтаҳо таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш кунед, ки мушкилоти худро на ба танҳоӣ, балки бо Сафорат, Консулгариҳо ва Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ва мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия муроҷиат намуда, ҳал намоед.
Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати баланд бо шароитҳои хуб имконияти фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ, корхонаҳои бузурги ватанӣ ба коргар ва мутахассисони соҳибмалака эҳтиёҷ доранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои таблиғотӣ ва брошюраҳо ҳангоми сафар тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
