Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ якҷо бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина мулоқоти судманд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лоҳур доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот бо фаъолон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо вобаста ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ, қалобӣ, тақлиди урфу одати бегона ва сару либоси миллӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

