Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом якҷо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии судманд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Фирузоба деҳаи Шуробқалъа баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, аз байн бурдани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таасубу хурофот ва бегонапарастӣ, иҷроиши Қонунҳои милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Толибова Фарзона оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, омодагии пеш аз сафар, муҳоҷирати бехатар суханронӣ ва қайд намуданд, ки асоси муҳоҷирони ихроҷ гардида бе қайди истиқомат ва ё беҳуҷҷат фаъолият бурдан ё надонистани қонунигузории Федератсияи Россия мебошад, бемориҳои сироятӣ ВНМО/БПНМ ва роҳи пешгирии онҳо сухан гуфт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳо иштиркочиён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

