Коррупсия яке аз масъалаҳои ҷиддии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида на танҳо рушди устувори давлатро халалдор месозад, балки эътимоди шаҳрвандонро ба ҳокимият заиф намуда, адолати иҷтимоиро поймол мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо коррупсия ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Мақсади ин мақола таҳлили моҳияти коррупсия, сабабҳои пайдоиши он ва барассии таъсири манфии он ба рушди ҷомеа мебошад. Ҳамчунин роҳҳои асосии пешгирӣ ва коҳиш додани коррупсия низ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Мафҳум ва моҳияти коррупсия
Коррупсия аз калимаи лотинии corruptio гирифта шуда, маънои “вайронкунӣ”, “фасод”ва “суистифода”-ро дорад. Дар маънои васеъ, коррупсия сӯистифодаи мансаб, ваколат ё имкониятҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ ё гӯрӯҳи мебошад.Он метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, порахурӣ, тамаъҷӯӣ, истифодаи ғайриқонунии молу мулки давлатӣ ва хешутаборбозӣ зуҳур кунад.
Сабабҳои асосии пайдоиши коррупсия
Пайдоиш ва густариши коррупсия бо як қатор омилҳо вобаста аст. Яке аз сабабҳои асосӣ паст будани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Вақте шаҳрвандон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро намедонанд онҳо ба осонӣ ба амалҳои коррупсионӣ розӣ мешаванд ё худ дар он иштирок мекунанд.
Омилҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ низ нақши муҳим доранд. Агар дар ҷомеа муносибати таҳаммулпазирона нисбат бо коррупсия вуҷуд дошта бошад ва он ҳамчун “амали маъмулӣ” қабул гардад, мубориза бо он хеле мушкил мегардад.
Таъсири коррупсия ба рушди иқтисодӣ
Яке аз самтҳое, ки бештар аз коррупсия зарар мебинад иқтисодиёт мебошад. Коррупсия ба истифодаи ғайримақсадноки захираҳои молиявӣ оварда мрасонад. Маблағҳое, ки бояд рушди соҳаҳои ичтимоӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор равона шаванд, аз ҷониби шахсони алоҳида тасарруф карда мешаванд.
Инчунин, коррупсия муҳити сармоягузориро ноустувор месозад. Сармоягузорони дохилӣ ва хоричӣ дар шароите, ки қонуншиканӣ ва ришваситонӣ ҳукмфармост, майлӣ сармоягузорӣ надоранд. Дар натиҷа рушди соҳибкорӣ суст шуда, ҷойҳои нави корӣ кам мегарданд ва сатҳи бекорӣ меафзояд.
Коррупсия рақобати солимро низ халалдор мекунад. Корхонаҳо ва шахсоне, ки имкони додани ришва доранд, бартарӣ пайдо мекунанд, дар ҳоле ки соҳибкорони поквиҷдон аз бозор берун мемонанд. Ин ҳолат ба коҳиши сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ оварда мерасонад.
Таъсири коррупсия ба соҳаи иҷтимоӣ
Дар соҳаи иҷтимоӣ коррупсия ба паст шудани сатҳи хизматрасониҳои давлатӣ оварда мерасонад. Масалан, дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ришваситонӣ метавонад ба паст шудани сифати таълим ва хизматрасониҳои тиббӣ сабаб гардад. Донишҷӯёне, ки бо роҳи ришва баҳои баланд мегиранд, сатҳи воқеии донишнадоранд, ки ин дар оянда ба рушди касбии онҳо ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.
Коррупсия инчунин нобаробарии иҷтимоиро афзоиш медиҳад. Шахсоне, ки имкони пардохти ришва доранд метавонанд аз имтиёзҳо бархурдор шаванд, дар ҳоле, ки табақаҳои камбизоат аз чунин имконият маҳруманд. Ин ҳолат ҳисси норозигӣ ва беадолатиро дар ҷомеа тақвият медиҳад.
Таъсири коррупсия ба низоми сиёси ва ҳуқуқӣ
Дар низоми сиёсӣ коррупсия ба коҳиши эътимоди мардум ба ҳокимият оварда мерасонад. Вақте шаҳрвандон мебинанд, ки қонунҳо барои ҳама баробар татбиқ намешаванд ва шахсони мансабдор аз ҷавобгарӣ канорагирӣ мекунанд, онҳо ба адолати давлат бовариро аз даст медиҳанд.
Дар соҳаи ҳуқуқ низ коррупсия оқибатҳои ҷиддӣ дорад.Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо фасозада бошанд, қонун наметавонад вазифаи асосии худро-ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иҷро намояд. Ин ҳолат ба густариши ҷинояткорӣ ва беқонияти замина фароҳам меорад.
Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия
Барои муборизаи самаранок бо коррупсия маҷмӯи чораҳои муназзам ва ҳамаҷониба зарур аст. Пеш аз ҳама, такмили қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои қатъии қонунҳо аҳамияти калон дорад. Ҷазо барои ҷиноятҳои коррупсионӣ бояд ногузир ва одилона бошад.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ низ нақши муҳим мебозад.Тарбияи ахлоқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон дар рӯҳияи ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ метавонад дар дарозмуддат ба коҳиши коррупсия мусоидат кунад.
Хулоса, коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Он ба иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад. Мубориза бо ин падида на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад.Танҳо дар сурати ҳамкории ҷомеа ва давлат, таҳкими қонунмандӣ ва боло бурдани фарҳанги ҳуқуқӣ метавон ба коҳиши коррупсия ва таъмини рушди устувори ҷомеа ноил гардад.
Ғайбуллоев Б,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ

