Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ дар деҳаи Гишхуни Ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев якҷо бо КИ ҲХДТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои дахлдори ноҳия вохӯрии судманд бо сокинон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ бо сокинон дар бораи муҳоҷирати бехатар, ҳангоми муҳоҷират вохӯрдан бо шахсони фиребгар, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирон, ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз муҳоҷират ва ташаккули малакаҳои касбӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти суҳбат доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷират ҳатман бо мақомоти дахлдор машварат намуда, ҳуҷҷатҳои худро мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ба расмият дароранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, сокинон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Чунин вохӯриҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, пешгирии қонуншиканиҳо ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар самти муҳоҷират нақши муҳим доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

