Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: “Мубориза бо коррупсия ва таквияти шаффофият дар фаъолияти давлати заминаи рушди устувор ва ҳифзи ҳукуки инсонро таъмин менамояд”. Ин нуктаро метавон ҳамчун роҳнамои стратеги дар ҳама сатҳҳои гуногуни идоракунии давлати ва ҷомеъа кабул намуд.
Агар дар мизони тафаккур баркашем, гуноҳи як шахси фасодкор аз гуноҳи ҳамаи маҳбусҳои як зиндон вазнинтар аст, чунки агар он яке теша ба решаи конунзада бошад, гурӯҳи ё шахси манфиатхоҳ теша ба пояи устувории давлат мезанад. Тасаввур кунед, агар шахс рисолаи номзадии илмиашро бо ришва лифо кунад, у чи арзише дар ҷомеа дорад. Дар таркиби ин мафҳуми дар назар ҳам дурушт-коррупсия як оҳанги беҳуввияти, нафрат ва бенанги нуҳуфта аст.
Муковимат аслаш маънои истодагари карданро дошта бошад ҳам, имрӯз он ба як истилоҳи ҳуқуқии пурсало табдил ефтааст. Он фаъолияти тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар бар мегирад. Дар меҳвари ин маҳфум шахс истодааст, шахси мафиатчии беҳуввият.
Масалаҳои марбут ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир гардидани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мусоидат мекунад онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 августи соли 2021 тасдик гардидааст муайян намудааст. Ҳоло низ марҳилаи навбатии ин стратегия давом дорад.
Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа буда, аввал эътимоди ҷомеаро ба давлат коҳиш медиҳад, муҳити иқтисодӣ ва иҷтимоиро халалдор месозад ва бар хилофи принсипҳои адолати иҷтимоӣ амал менамояд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон заминаҳои устувори ҳуқуқию ташкили мубориза бар зидди коррупсия фароҳам овардааст.
Воқеан, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия кори як мақомот ва ё сохтори дахлдори мубориза ба зидди коррупсионӣ набуда, кори дастаҷаъмист, яъне дар ин самт бояд ҳар як сокини кишвар ва дигар ниҳодҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ саҳмгузор бошанд.
Аввало ҳар як шаҳрванд дар ин мубориза бояд бетарафиро аз худ дур созад ва барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ба амалиётҳои коррупсионӣ даст назанад. Ҳамаи мо аъзои ҷаъмият мебошем ва аммалҳои коррупсионӣ ба ҳар яке мо зиён мерасонад. Корупсия дар ҷомеа аввалан гум шудани эътимодро ба сохторҳои давлатӣ, нобавариро ба устувории адолати иҷтимоӣ, коҳиш ёфтани рушди иқтисодӣ, шикастани орзӯю умедҳои кадрҳои боиқтидор, паст шудани сатҳи донишу малакаҳои олимон ва дигар зуҳуротҳои манфии зиндагии ҷаъмиятро меоварад
Пас биёед дар ин мубориза дар канор набошем ва дастаҷаъмона бо ин ин зуҳурот муборизаи беамон бурда барои рушди давлати азизамон саҳмгузор бошем.
Юлдошев Ғолиб,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

