12 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина ба терроризм мегардад, дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Ин сана ҷомеаи ҷаҳонро бори дигар водор месозад, ки ба хатари андешаҳои ифротӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онҳо бо назари ҷиддӣ нигарад.
Экстремизми хушунатомез имрӯз яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва оромии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Он бо истифода аз ғояҳои тундгароёна, таблиғоти бардурӯғ ва суиистифода аз эҳсосоти динӣ ё иҷтимоӣ кӯшиш менамояд ҷавононро ба доми худ кашад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксаран маҳз ҷавонони дорои сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё дурӣ аз муҳити солими тарбиявӣ ба чунин гурӯҳҳо бештар осебпазиранд.
Яке аз ҳадафҳои асосии пешгирии экстремизм – ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ҷавоне, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад, таърихи миллат ва арзишҳои давлатдории худро эҳтиром мекунад, ба осонӣ фирефтаи таблиғоти ифротӣ намегардад.
Дар ин самт нақши соҳаҳои маориф, варзиш ва тарбияи ватандӯстӣ басо муҳим аст. Муассисаҳои таълимӣ бояд на танҳо дониш диҳанд, балки ҷаҳонбинии солим, тафаккури интиқодӣ ва фарҳанги таҳаммулпазириро ташаккул диҳанд. Варзиш бошад, ҳамчун воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба ҳаёти фаъолу солим, онҳоро аз муҳити носолим дур месозад. Тарбияи ватандӯстӣ ҳисси ифтихор аз Ватан ва масъулиятшиносиро тақвият мебахшад.
Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар ин раванд аҳамияти хос дорад. Қисме аз шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, бо мақсади беҳтар намудани шароити иқтисодии худ ба хориҷи кишвар мераванд. Дар ҳолате ки шахс аз муҳити иҷтимоии худ дур мемонад, ба мушкилоти ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ё равонӣ рӯ ба рӯ мешавад, эҳтимоли таъсирпазирӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ бештар мегардад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии муҳоҷирон, таҳкими робитаи онҳо бо Ватан ва дастгирии иттилоотӣ яке аз омилҳои муҳими пешгирии радикализатсия мебошад.
Терроризм ва экстремизм бесабаб “вабои аср” номида намешаванд. Онҳо на танҳо ба давлатҳо, балки ба тақдири ҳазорон оилаҳо зарба мезананд. Мубориза бар зидди ин зуҳурот танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ нест. Ин масъулияти ҳар як фарди солимфикр, падару модар, омӯзгор, фаъолони ҷомеа ва худи ҷавонон мебошад.
Пешгирӣ аз мубориза муҳимтар аст. Агар мо имрӯз ба тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем, фардои ҷомеаи мо орому устувор хоҳад буд. Зеро амният аз хона, аз мактаб ва аз андешаи солими ҳар як шаҳрванд оғоз меёбад.
Алимардонов Фаридун,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

