Санаи 13 феврали соли 2026 тибқи талаботи боби 4, банди 29 ва 30 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир”- и Хадамоти муҳоҷират бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар, Нодирзода Иматшо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” ва аъзоёни ҳизб маҷлиси умумӣ багузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин:
1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Муҳоҷир”-и ҲХДТ дар Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда,
2. Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025;
3. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷират;
4. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷират барои соли 2026;
5. Баррасии масъалаҳои ҷорӣ.
Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Муҳоҷир” Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” тибқи нишондиҳандаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиби барнома ва ҳадафу мароми созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ибрози андеша намуда қайд карданд, ки маҳз тавассути ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат ҳадафгузории мушаххас ҷиҳати таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ба роҳ монда шуда, механизмҳои муассири татбиқи амалии ҳадафҳои мазкур пешниҳод карда мешаванд ва баҳри ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар самти ҳифзи манофеи миллию татбиқи ҳадафҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Ҳамзамон, аз аъзоёни ҳизб даъват ба амал овард, ки корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати ҳаракати аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешанд.
Дар фарҷом ба кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуда ба сафи ҲХДТ пайвастанд ба онҳо Шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон як қатор аъзоҳои фаъоли Ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
