Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода суҳбату вохӯриҳо бо доир гардида истодааст.
Ин навбат вохӯрии гурӯҳи кории таблиғотӣ бо сокинони касбу кори гуногуни деҳаҳои Нурафшон ва Бахтовари Ҷамоати деҳоти “10-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Дар мулоқот нотиқон муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро таъкид намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳр расонид, ки аз 10 феврали соли 2026 Думаи давлатии Федератсияи Россия лоиҳаи қонунеро, ки ба тартиби гузаштани муоинаи ҳатмии тиббии шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, марбут мебошад, дар хониши аввал қабул намуд.
Нуктаҳои асосии лоиҳаи қонун: муҳлати ягонаи гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ — дар давоми 30 рӯз (айни ҳол 90 рӯз) аз рӯзи ворид шудан ба Федератсияи Россия муқаррар карда мешавад, гузаштани муоинаи тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои худи шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ мегардад, назорат аз болои вазъи санитарӣ-эпидемиологии муҳоҷирон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои хавфнок тақвият дода мешавад, натиҷаҳои хулосаҳои тиббӣ ба низомҳои ягонаи электронии иттилоотии соҳаи тандурустии Федератсияи Россия ворид карда мешаванд, дар ҳолати ошкор гардидани бемориҳои хавфнок ё истифодаи воситаҳои нашъадор, муассисаҳои ваколатдори тиббӣ вазифадоранд дар ин хусус ба Вазорати корҳои дохилии Россия ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи ҳифзи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон (Роспотребнадзор) иттилоъ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки риояи қонунгузорӣ ва талаботи муқарраршудаи Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муоинаи тиббӣ барои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд ва фаъолият менамоянд, ҳатмӣ мебошад.
Қайд менамоем, ки қонуни мазкур пас аз қабули ниҳоӣ аз ҷониби Думаи давлатии Федератсияи Россия, тасдиқ шудан аз ҷониби Шӯрои Федератсия ва имзо гардидани он аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия, тибқи тартиби муқарраршуда расман нашр гардида, пас аз интишори расмӣ ба қувваи қонунӣ медарояд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад: муоинаи тиббиро дар муҳлатҳои муқарраршуда сари вақт гузаранд, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва хулосаҳои тиббиро нигоҳ доранд, дар ҳолати зарурат барои гирифтани машварат ва кумак ба Намояндагӣ ё ба мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Илова бар ин сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

