Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сокинони маркази ноҳия чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуд.
Масъалаи асосии чорабинӣ пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, муҳоҷирати бехатар, шинос намудани шаҳрвандон бо қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ буд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират зимни баромадашон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, ВНМО ва тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгири, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ суханронӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

