Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ ва КИ ҲХДТ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву мулоқотҳо бо сокинон гузаронида истодаанд.
Масъулин доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб, холатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалбӣ ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, суханронӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаҳои болозикршуда иштирокдорон фикру андешаҳои худро баён намуданд. Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ноҳия бо маром идома дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

