Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия баҳри пешгирии ҷавонон оид ба шомилшави ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва қонуни нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳи баргузор карда шуд.
Масъулин зимни суханронӣ дарҷ намуданд, ки ватандӯстӣ ва нангу номуси ватанпарастӣ ҳамчун омили барангезандаи ғояи миллӣ дар рушди давлату миллат нақши муҳим дошта, он асоси идеологияи мубориза барзидди таҳдиду хатарҳои нави замони муосир дар фаъолияти сиёсии давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Кайд карда шуд, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ба назар мерасад, аз ин лиҳоз мо ҳамагонро лозим аст зираку ҳушёриро аз даст надода кӯшиш ба харҷ диҳем то мардуми бегона ба оромию осоиштагии мардуми кишварамон халале ворид нанамоянд. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд ҳамеша аз ҳоли онҳо бохабар шаванд ва чунон онҳоро тарбият намоянд, ки фардо дар ҷомеъа саҳми арзандаи хешро гузошта парчамбардорони миллат бошанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Валиев В., зикр намуд, ки ҳангоми ба муҳоҷират фиристодани фарзандонамон онҳоро забон, одоби муошират ва рафтори ҳамида, ҳуқуқу озодиҳоро омӯзонида баъд ба муҳоҷират фиристем то онҳо дар мулки бегона ба мушкилиҳо дучор нашаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

