Санаи 18 феврали соли 2026 вобаста ба иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои муштарак дар Муассисаи давлатии Литсейи №5 ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо падару модарон ва хонандагон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Аз ҷониби баромадкунандагон, ки дар он кормандони масъули раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе низ иштирок доштанд, дар доираи васеи масъалаҳои марбут ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз корд, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати бехатар ва дигар масъалаҳои изтиробангез мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба зарурати баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак, муқаррар намудани назорати доимӣ аз болои рафтору муносибат ва фаъолияти рӯзмарраи онҳо таъкид карда шуд.
Инчунин, наврасон ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, интихоби касб, риояи тарзи ҳаёти солим, иштирок дар чорабиниҳои маърифатию варзишӣ ва дурӣ ҷустан аз муҳити носолим раҳнамоӣ гардиданд.
Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ–экстремистӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхӯшӣ ва бозиҳои компютерӣ, истифодаи нушокиҳои спиртӣ, авбошӣ, истифодаи олотҳои халандаю бурранда ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша карданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои судманд дар дигар муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт низ ба нақша гирифта шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
