Тибқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳоль дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” оид ба кор таъмин намудани шахсони бекор ва корҷӯянда дар маркази шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил шуд.
Дар ярмаркаи мазкур кормандони раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ярмаркаҳо таъмин намудани ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ба ҷойи кори доимӣ ва сокинони бекасб ба шуғли пурмаҳсул мебошад. Дар ярмарка 18 идора ва муассисаҳои давлатии вилоят иштирок намуда, 36 вазифаҳои озод пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ карда шуд.
Дар фарҷом ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

