Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд.
Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон бо ин, боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллии аҳолӣ бар пояи таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ маҳсуб меёбад.
Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басо муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистони куҳанбунёд, вале тозаистиқлоли мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ сарҷамъона фаъолият намуда, корҳои бузурги ободониву созандагиро ба анҷом расонида истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз беш аз 26 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо бо саҳми соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд гардидааст.
Дар ин раванд, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, ба таъмиру тармим, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро, аз марказҳо то дурдасттарин деҳот, фаро гирифта, ба як амали ҳамешагӣ ва фарҳанги умумимиллӣ табдил ёбад.
Яъне, ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас дар роҳи пешрафти давлат ва ободии Ватани азизи худ саҳми шоиста гузошта, бо анҷоми амалҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ ва рафтори шоиста фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва асолати миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Олимзода Сироҷиддин,
Сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират

