Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба зиммаи ҳар як ҷавони бонангу номус масъулияти бузург – хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Қувваҳои мусаллаҳ ин мактаби ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст ва шахсе, ки вориди он мегардад, пайваста кӯшиш менамояд, то дар давоми хизмат худро руҳану ҷисман обутоб дода, вазифаҳои барояш муқарраргардидаро сари вақт ва сарбаландона иҷро намояд.
Ҳанӯз дар замонҳои қадим, хусусан, дар давраи ҳукмронии Куруши Кабир анъанае буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд ифтихори ҷавонмардиро соҳиб мешуданд. Имтиҳони якум – тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуюм – ақлу дониши расо ва имтиҳони сеюм – одобу фаросати ҳамида буд ва ин имтиҳонҳо дар шиори «рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек» таҷассум меёфт.
Дар ин росто, метавон ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ё худ Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд орем. Магар бобою бобокалонҳои мо тарсу буданд? Магар онҳо намехостанд, ки ҳаёти осоиштаю ором дошта бошанд? Магар онҳо намехостанд, ки фарзандони номбардори Ватан бошанд? Бале, онҳо мехостанд! Аз ин рӯ, дилу ҷонашонро дар роҳи Ватан супориданд, корнамоиву қаҳрамониҳои зиёд нишон доданд.
Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорҳо фарзандони Тоҷикистон иштирок кардаанд, ки аксари онҳо дар майдонҳои ҳарбу зарб шаҳид гардида, барои ояндаи инсоният ва хушбахтии имрӯзаи мо ҷони худро нисор кардаанд. Бояд зикр кард, ки барои қаҳрамониҳои бемислу монанд ва шуҷоату мардонагӣ 72 нафар бо унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ», 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва садҳо нафари дигар бо ордену медалҳои ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардидаанд. Магар ин шарафу ифтихор нест?
Хизмати ҳарбӣ агар аз як ҷониб иҷрои қарзи шаҳрвандист, аз ҷониби дигар мукаммалсозии сафи эҳтиётии артиш аст. Мақсади хизмати ҳарбӣ сабақгирӣ аз мактаби обутобу малакаи низомӣ ва дар ҳолати зарурӣ бо қӯшунҳои низомии касбӣ дар ихтиёри Ватан будан аст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ давлати дунё ғараз надорад. Вале имрӯз таҳдидҳои глобалӣ, бахусус, терроризму экстремизм барои амнияти сайёра ва кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз, вазъи зуд-зуд тағйирёбандаи ҳарбӣ – сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем, сохторҳои қудратии худро ба воқеияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мутобиқ созем.
Ба ҷавонони саодатманду хушиқболи кишвар муроҷиат карда мегӯем, ки агар худро ҷавони шарафманду ватандӯст меҳисобед, бояд анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини суботу амният дар мамлакат, боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоред.
Дар ин маврид шоире фармудааст:
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад!
Агар имрӯз мову шумо хоҳем, ки миллати мо сарҷамъ бошад, аллаҳои ширину гӯшнавози модарони дилбанди мо, хандаҳои беғаши кӯдакону наврасон танинандоз бошад, дар фазои софу беғубори давлати соҳибистиқлоли мо турнаҳои умеду ормонҳои хушрӯзӣ болу пар кушоянду файзу баракат оранд, бояд дар ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ омода бошем ва ин аз хизмат ба Ватан баҳри таъмини амният, истиқлоли комил ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандӣ ҳувайдо мегардад.
Аз ин лиҳоз, Ватан – Модар нигарони дасту ҳиммату бозуи мардонаи ҳар як ҷавони ватандӯст аст!
Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.
Чӣ тавре Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Хизмат дар сафи Артиши Миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан – муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номовари мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад».
Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҷавонони саодатмандро бо итминони комил даъват мекунем, ки баҳри адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бетараф набошед. Барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон омода бошед. Зеро имрӯз давлату Ҳукумат барои ҷавонаскарон дар қисмҳои ҳарбӣ шароитҳои мусоиду имкониятҳои фаровонро ҷорӣ кардааст.
Боварии комил дорем, ки ҷавонони худогоҳи мо баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти ҷомеа ва рушди бомароми мамлакат содиқонаю софдилона хизмат намуда, саҳми боризи худро мегузоранд ва дар ин ҷода ба ҳар як ҷавони ватандӯсту фидокор барору комёбӣ таманно менамоем.
Нодирзода Иматшо – сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
