Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 16 декабри соли 2025 баён доштанд, дар асоси Нашаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо мақсади беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муҳоҷирати бехатар, амалҳои коррупсионӣ, нашъамандӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба арзишҳо ва сару либоси миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз аз тарафи гурӯҳи тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳоти Боғистон кӯчаҳои Шерозӣ, А. Рӯдакӣ, А. Дониш, А. Сино, С. Айни, М, Турсунзода ва Ҷавонӣ вохӯрии судманд бо сокинон баргузор карда шуд.
Ҳангоми суханрониҳо аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ҳозиринро ба муносибати 33 – юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, дар ин радиф дар мавзўъҳои ифтихори ватандорӣ, моҳияти истиқлолу озодӣ, моҳияти Истиқлоли давлатӣ, ҷойгоҳи бузурги Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик, зарурати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми кишвар, аҳамияти дастовардҳои беназири мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолу озодӣ баёни андеша карданд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон доир ба вазъи ҷаҳони муосир, огоҳ будан аз равандҳои гуногун, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират, муҳоҷирати бехатар, корбарии дуруст дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ҷалби насли наврас ба забономӯзӣ, ҳимоя манфиатҳои миллӣ, ифтихор аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ҳурмати падару модар ва калонсолон суханронӣ карданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ҷаборзода Расул оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, қоидаҳои будубош дар ҳудуди Федератсияи Россия, тартиби бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои ҳифзи меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки риояи меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳо, инчунин андешидани чораҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ) зарур аст.
Илова бар ин, тавсия дода шуд, ки аз гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ ба дархости шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро чунин амал метавонад ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунад ва барои онҳо ҷавобгарии қонунӣ ба миён оварад.Дар охир ба саволу дархостҳои сокинон посухҳои қонеъкунанда манзур карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

