Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ҷиҳати интихоби ҷойҳои кории мувофиқ дар бозори меҳнат, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар назди маркази савдои “Бадахшон” ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, инчунин корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд, баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар ярмарка корхонаю муассисаҳои шаҳр фаъолона ширкат намуда, аз ҷониби соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва коммуналӣ, ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба шаҳрвандон оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират шаҳрвандон дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот доданд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эктремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрами рӯз фикру андешаҳои худро ба ҳозирин иброз намуда қайд карданд, ки экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин мегардад.
Дар фарҷом ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
