Бо мақсади бо ҷойи корӣ муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Спитамен дар кӯчаи Спитамени Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия ярмаркаи сайёри ҷойҳои кории холӣ ва корҳои мавсимӣ баргузор гардид.
Инчунин, дар назди бозори шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо маълумоти дақиқ ва мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар ярмарка аз ташкилоту муассиса ва корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ иштирок намуда, беш аз 200 ҷойи кории холиро пешниҳод карданд. Соҳаҳои сохтмон, саноат, савдо, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии пешниҳодшуда буданд.
Беш аз 300 нафар шаҳрвандон дар ярмарка иштирок намуда, бо корфармоён суҳбати мустақим анҷом доданд. Қисме аз довталабон барои ба кор қабул шудан роҳхат гирифтанд ва бархе дигар барои такмили ихтисос ва омӯзиши касбӣ номнавис шуданд.
Гузаронидани чунин ярмаркаҳо барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва таҳкими бозори меҳнат мусоидат намуда, имконият фароҳам меорад, ки шаҳрвандон ҷойи кори муносибро дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

