Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ, ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисон мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат дар шаҳри Душанбе, 20 феврали соли равон, дар саҳни бинои Муасисаи давлатии “Сирки давлатии Тоҷикистон”, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев 2 ярмаркаи навбатии ҷойҳои нави корӣ, вазифаҳои озод ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар ярмаркаи мазкур кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон, инчунин Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD), шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ”, муассисаҳои таълимии низоми Агентии меҳнат, МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ярмаркаҳо таъмин намудани сокинони бешуғли пойтахт ва дигар навоҳии кишвар ба ҷойи кори доимӣ ва сокинони бекасб ба шуғли пурмаҳсул мебошад.
Инчунин, дар рафти ярмарка аз ҷониби кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳоҷирати бехатар дар давлати қабулкунанда, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон, бемориҳои сироятӣ (ВНМО) ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

