23-юми феврали соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 33- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо аҳли толоро ба муносибати 33-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробарӣ ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд.
Қайд карда шуд, ки Артиши миллӣ ситоди боэътимоди давлату миллат буда барои ҳифзи марзу буми Ватан афсарону сарбозони содиқро тарбия менамояд. Зимнан қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар шароити бисёр ҳам мураккабу ҳассос таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.
Таъкид шуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва дар шароити печидаи сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон қарзи ватандӯстиашонро бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба ҷо оварданд. Онҳо дар роҳи ба эътидол овардани вазъияти мамлакат, ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистию террористӣ рисолати фарзандию шаҳрвандиашонро ба таври шоиста иҷро намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
