• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Либоси миллӣ рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Migration Service by Migration Service
25.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Либоси миллӣ рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанг ва худшиносии ҳар як миллат ба шумор меравад. Он на танҳо зебоии зоҳирӣ ва завқи бадеии мардумро инъикос мекунад, балки ҳамчун рамзи ваҳдат, фарҳанг, таърих ва симои сиёсиву иҷтимоии миллат низ баромад менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси миллӣ ҷойгоҳи ба вижа хос дошта, таваҷҷуҳи махсус ба эҳёи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла бо либоси миллии тоҷикӣ зоҳир мегардид. Ин раванд нишондиҳандаи сиёсати фарҳангии кишвар ва ифодаи равшани сиёсати давлатдории миллӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ва нишонаи ифтихору ҳувияти тоҷикон аст”. Дар амал, сиёсати фарҳангии давлат ба эҳёи суннатҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои либоспӯшии тоҷикона ва тарғиби он дар миёни ҷавонон равона шудааст.

Имрӯз либоси миллии тоҷикӣ – атлас, адрас, чакан, зардӯзӣ ва тоқии миллӣ, на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ ҳамчун рамзи зебоӣ ва фарҳанги волои тоҷикон шинохта мешавад. Ҳамин аст, ки дар чорабиниҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, намояндагони кишвар бо ифтихор либоси миллиро мепӯшанд. Ин амр худ нишондиҳандаи симои сиёсӣ ва фарҳангии давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мурури замон танзим ва риояи либосҳои миллӣ ба расмият дароварда шудаанд. Вале, ба назар мерасад, ки на ҳама қишри ҷомеа талаботи муқаррароти мазкурро риоя менамоянд. Фарҳанги либоспӯшӣ бо мурури замон, оҳиста-оҳиста тараққӣ ёфта, маданияти ҷудогонаеро барои ҳар як миллат муайян ва муқаррар намуд. Дар замони муосир ҳар як халқу давлат мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб намуда, онро ба расмият даровардааст.

Ба ҳамагон мусаллам аст, ки Пешвои муаззами миллат изҳор намуданд, ки: “Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем”. Мо бояд ба ин масъали мазкур љиддӣ назар намоем ва ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлиди фарҳанги бегона бошем. Ва тарбияи онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ равона созем. Дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем. Шоистаи зикр ва боиси ифтихор аст, ки аз қадим гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд, ки онҳо бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд.

Вақте ки сухан дар бораи либос меравад, дар зери мафҳуми он либоси миллӣ ҳамчун як рукни муҳимми фарҳанги миллӣ дар назар дошта мешавад, ки бояд арзишмандии маънавии онро ҳифз бояд кард, то наслҳои оянда низ ба он арҷгузору меросбар бошанд.

Бояд зикр намуд, ки хушбахтона, дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба ин љиҳати масъалаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо талошу ибтикори ҳамаљонибаи он кас дар баробари расму оинҳои миллӣ ба масъалаи либос низ аҳамияти махсус дода шуд. Яке аз чунин либосҳо, ки бо он дар ҷаҳон халқи тоҷикро шинохтанд, чакани зебои тоҷикӣ мебошад.

Ногуфта намонем, ки моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардид, дар арсаи ҷаҳон маъруф шуд. Гулдузиҳое, ки дар рӯйи нақши он оварда шудаанд, ифодагари мазмуну моҳияти ба худ хос мебошад. Либоси миллии дигар, ки атласу адрас аст, имрӯзҳо дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ бонувони тоҷик онро ба бар менамоянд, ки ҳамчун нишони ҳуввияти волои миллати тоҷик мебошад.

Тошмухамедова Шаҳноза,

Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Гулистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.