Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ дар Ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев, маҳаллаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Пуни Ҷугони дар ҳамкорӣ бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КИ ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон вохӯрии саривақтӣ баргузор гардид.
Масъулин оид ба масъалаҳои муҳими ватандӯстӣ, эҳсоси масъулият дар назди Ватан, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, барои ҳар ҷавони бонангу номус қарзи муқаддаси шаҳрвандист.
Ҳамзамон, ба ҷавонон оид ба риояи қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, муҳоҷирати бехатар, пешгирии омилҳои номатлуб ва таҳкими суботу амнияти кишвар тавсияҳои муфид дода шуданд.
Чунин вохӯриҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

