Одамрабоӣ ё савдои одамон амалест, ки дар он шахс бо зӯрӣ, таҳдид, фиреб ё маҷбуркунӣ аз ҷойи будубоши худ бар хилофи иродааш бурда мешавад. Ин ҷинояти вазнин ба шумор рафта, дар ҳамаи кишварҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст, ки аз вазнинтарин ҷиноятҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳуқуқи асосии инсон – ҳуқуқ ба озодӣ ва амниятро вайрон мекунад. Дар ҷаҳони муосир ин амал бештар ба баҳсҳои шахсӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва савдои одамон рабт дорад. Ҳарчанд бисёре кишварҳо қонунҳои сахт ё вазнин зидди одамрабойӣ доранд, ин амал то ҳол дар ҷомеаҳо ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал шудааст.
Дар ҷаҳони имрӯз дар баробари терроризму эстремизм, сепаратизим, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад. Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Одамрабоӣ як ҷинояти бераҳмона ва хатарнок аст, ки ҳуқуқ ва озодии инсонро зери хатар мегузорад. Барои решакан кардани ин амал ҳамкории ҷомеа, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум зарур аст. Танҳо бо истифодаи чораҳои ҳамешагӣ ва омодагии ҷомеа метавон аз паҳншавии ин кирдор пешгирӣ кард.
Тибқи қонунгузорӣ, одамрабоӣ ё хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста ба розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, суиистифода намудани гунаҳкор аз вазъи хизматии худ, суиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад.
Савдои одамон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ дар радифи давлатҳои мутараққии дунё ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд намегузорад гуруҳи муташакили ҷинояткор ва шахсони алоҳида ҳадафҳои нопоки худро дар ин самт амалӣ намонд. Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 масъалаҳои гуногуни муқовимати давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро ба танзим дароварда, он сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамонро муайян менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар қурбонии савдои одамон гаштаанд ва ин навъи ҷиноят дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

