Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Нишони давлатӣ”-и ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳудуди ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳия Абдуллозода Марҳабо ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки майдони Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Нишони давлатӣ” бо шиору овезаҳо овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ноҳия ба маърази намоиш гузошта шуда буд.
Дар ин замима, масъулин дар рафти ярмаркаи мазкур суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, кӣ: “Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад”.
Илова бар ин, масъулин ибрози назар карданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои шаҳрвандонро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои шаҳрвандон пайваста таъмин месозанд.
Ҳамзамон, ёдрас менамоем, ки дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби 36 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб 172 воҳиди корӣ пешниҳоди корҷӯён гардида, 109 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории ярмарка ба 21 нафар тавсиянома ба ҷойи кор дода шуда, 50 нафар бекорон ва муҳоҷирони меҳнатие, ки касбу ихтисос надоштанд, роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 17 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар рафти ярмарка аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират ба иштирокчиён варақаҳои таблиғотӣ дар мавзуъҳои “Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй”, “Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд”, “Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия”, “Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии “Роғун”, “Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Аз санҷиши ВНМО гузар”, “Мо зидди савдои инсонем”, “Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон”, “Зӯроварӣ дар оила нисбати занони муҳоҷир” ва ғайра дастрас гардонида шуданд.
Инчунин, иброз менамоем, ки масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар минбаъд низ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

