Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки нишонаҳо ва решаҳои шаклҳои гуногуни экстремизм, аз ҷумла экстремизми сиёсӣ-диниро дар тамоми динҳо пайдо намудан мумкин аст. Яъне то андозае гуфтан мумкин аст, ки эътиқоди динӣ метавонад ба ҳайси асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ баромад кунад. Аммо на ҳама навъи эътиқод, балки эътиқоди кӯр – кӯрона, аниқтараш фанатизми динӣ асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ – динӣ аст.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: “Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад”.
Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеар ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат якчанд бор таъкид намуданд, ки “Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидаани онҳо ниҳоят муҳим мебошад”.
Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯсти ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”.
Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти бачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Умарзода Алӣ,
Муовини сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират
