Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонда, ҳастию ҷонро низ асос надониста шахсияти худро поймол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонанд.
Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад.
Чун мавзӯи матни навбатӣ “Нашъамандӣ – вабои аср” аст, охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI буда, масъалаи глобалии тамоми ҷаҳониён гаштааст. Имрӯзҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳоӣ хаёт ё бо сабаби ёр шудани беморӣ, шояд аз нодонӣ аз оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрӯзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷоҳилиҳо мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огаҳие надоранд, зеро он беҳушу беёдашон мегардонад.
Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ онҳо тамоми дороии хонаашонро фурӯхта онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардӯш мегардонанд. Дар натиҷа, ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кӯчаву хиёбонҳо ба ҳайси нокасу беобрӯй ва хастадилу афгор то ба рӯзи марг овора мегарданд. Ба хору хаси замин баробар поймол мегарданду наздикон аз ҳастиашон шармсору безор
Хулоса, кохи баландафрохтае, ки аз амали носазову маблағи номуроди нопок ба авҷ сар кашида, рӯзе валангор хоҳад гашт. Номуроде, ки аз пайи нашъамандист, рӯзе қурбони кӯчаи ишрат ва айши нопок гашта, рӯ ба нестӣ меорад ва пайвандони хешро шармсор мегардонад.
Баҳодур Сафаров, Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик

