Модар, чӣ калимаи муқаддас аст, ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбати ба фарзанд бемисл аст.
Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Чи тавре ки бузургон гуфтаанд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.
Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Модар худаш намехӯраду фарзандашро мехӯронад, дили софу беолоиш дорад. Аз ин рӯ, мо низ фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст. Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳор ба оҳанг дароварда сароиданд. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем. То ҳастем барояш хидмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Дар дунё ғайр аз модарам касеро то ин дараҷа дӯст намедорам. Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.
Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад.
Дар Тоҷикистон мо 8-уми мартро ҳамчун рӯзи модарон эълон кардаанд, дар ин рӯз тамоми он нафароне, ки модар доранд, тӯҳфа ба даст гирифта ба аёдати модар мераванд. Ҳар нафар кушиш мекунад, ки тӯҳфааш боарзиш бошад, модарро хурсанду хушбахт дидан мехоҳанд. Лекин тамоми ин тӯҳфаҳо дар назди модар ночиз аст. Мо як умр агар хидматашро кунем ба як шаби бедорхобие, ки модар барои фарзанд мекашад баробар шуда наметавонад. Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

